Раҳбари Бонки Марказии Амрико Бен Бернанке гуфт, иқтисоди Амрико дар нимаи аввали соли ҷорӣ метавонад коҳиш биёбад. Бернанке барои нахустин бор эҳтимоли пасрафти иқтисоди Амрико дар пайи бӯҳрони риштаи қарзҳои бонкӣ ва бӯҳрони бозори манзилро иқрор кард.
Бен Бернанке, раиси Бонки Марказии Амрико ба кумитаи Конгресс гуфт, иқтисоди кишвар бояд дар нимаи дуввуми сол дубора тақвият биёбад. Аз ҷумла, дар натиҷаи иқдомоте, ки Бонки Марказӣ ва давлати Амрико рӯи даст гирифтаанд.