"Меҳнати иҷбории кӯдакон дар пахтачинӣ ва мавқеи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин масъала" - мавзӯи як нишастест, ки рӯзи 3 апрел дар шаҳри Бремени Олмон оғоз ба кор мекунад. Ин нишаст бо ташаббуси се созмони ҷамъиятии аврупоӣ - "Ташаббуси Ӯзбакистон", мақарраш дар Лондон, Гурӯҳи байналмилалии бунёди сулҳ, воқеъ дар Олмон ва Эътилофи "Ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ", воқеъ дар Фаронса баргузор мешавад. Ин ташкилот мегӯянд, ки ҳадафи аслӣ ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба чунин масъалаи ба қавли онҳо шармовар мебошад. Дар баёнияи ин созмонҳо таъкид мешавад, ки аксар давлатҳои аврупоиву ғарбӣ ва ба вижа, масрафкунандаҳои пахтаи Ӯзбакистон, дар бораи вуҷуди масъалаи ҷалби иҷбории кӯдакон ба пахтачинӣ иттилои нокофӣ доранд ва роҷеъ ба хатароту паёмадҳои ин масъала огаҳ нестанд.
Ин дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта гурӯҳи бузурги фаъолони ҳуқуқи башари Ӯзбакистон, иборат аз 65 нафар, бо нашри як номаи саркушод ба ҷомеаи байналмилалӣ гуфтанд, ҳар сол барои чиниши пахта дар ин кишвар 450 ҳазор кӯдак ҷалб мешаванд. Ва ин, ба қавли онҳо, натиҷаи сиёсати ҳадафмандонаи ҳукумати марказии Ӯзбакистон мебошад. Баъди нашри ин нома, чандин ширкати муштарии пахтаи Ӯзбакистон дар Аврупо, аз ҷумла Бритониё, Финландия, Эстония, Шветсия гуфтанд, ки аз харидории моли Тошканд даст мекашанд.
Шӯҳрат Бобоҷонов, ҳамкорам дар бахши ӯзбакии радиои Озодӣ, ки аз мавзӯъро таҳқиқ карда дар кори нишасти Бремен ширкат хоҳад кард, мегӯяд, ҳукумати Ӯзбакистон дафъатан вуҷуди ин масъаларо рад кард:
"Ва дар нишасти Бремен фаъолони ҳуқуқи башари Ӯзбакистон бо ироаи санадҳо исбот хоҳанд кард, ки масъала вуҷуд дорад ва аз аврупоиҳо тақозо хоҳанд кард, ки дар оянда ҳам аз харидории пахтаи ин кишвар даст кашанд. Ширкатҳои аврупоӣ гуфтаанд, ки аз харидани пахта муваққатан даст мекашанд, аммо барои муҷозоти Ӯзбакистон иқдомоти шадидтар, мисли таҳримҳо лозим аст. Хабари хуб ин аст, ки ахиран Бангладеш ҳам гуфтааст, ки аз харидани пахтаи Ӯзбакистон даст мекашад. Бангладеш муҳимтарин харидори пахтаи ин кишвар мебошад".
Дар ҳоле, ки нишасти Бремен ният дорад, ба паҳлӯҳои ҳуқуқии ин масъала низ таваҷҷӯҳ кунад, Шӯҳрат мегӯяд, ки дар Ӯзбакистон масъалаи зарурати ҷалби хонандаҳо ба пахтачинӣ дар қонунҳо зикр шудааст:
"Ин таҷриба беш аз 50 сол идома дорад. Мақомот намехоҳанд ин масъаларо бознигарӣ кунанд, чунки қонуне мавҷуд аст, ки мегӯяд, мактаббачаҳо иҷоза доранд дар давоми 30 рӯзи таҳсил бо ҳадафи кӯмак ба волидон бо пахтачинӣ машғул шаванд. Кӯдакон нирӯи беҳтарин барои чиниши пахта ҳисоб мешаванд, аввал ин ки онҳо ин корро хеле хуб анҷом медиҳад, баъдан онҳо асосан бепул кор мекунанд ва шумори онҳо хеле зиёд аст".
Дар ҳоле, ки яке мавзӯъҳои муҳими дигари мавриди баҳси нишасти Бремен баррасии паҳлӯҳои иқтисодии саноати пахтачинӣ мешавад, фаъолони ҳуқуқи башари Ӯзбакистон мегӯянд, даромади асосиро аз тавлид ва фурӯши пахта дар ин кишвар хонаводаи раисҷумҳур Ислом Каримов, ба вижа духтари вай Гулнора ба даст меорад. Аз ҳамин хотир ҳам, тағйир додани чунин шеваи кор, баҳам задани муқаррароти то имрӯз амалкунанда ба манфиати онҳо нест. Аз Шӯҳрат мепурсам, ба андешаи вай, ҳамоиши мазкур дар роҳи бартарафсозии масъалаи ҷалби иҷбории кӯдакон ба пахтачинӣ амалан оё коре хоҳад кард ё на? Вай гуфт:
"Ин ҷо сухан аз даромадҳои хеле зиёд меравад. Агар Ӯзбакистон муштариёнашро аз даст диҳад, пас ночор мешавад, ба тағйири ин система роҳ диҳад. Ин ҷо қонуни бозор амал хоҳад кард. Онҳо бояд системаро тағйир диҳанд, роҳи дигар надоранд".
Ҳамонтавре ки дар Тоҷикистон дидан мумкин аст, дар Ӯзбакистон мегӯянд, ки бо пошхӯрии Шӯравӣ саноати пахтапарварӣ дучори бунбаст шудааст: ширкату хоҷагиҳо, ки амалан зери назорати давлат ҳастанд, бо норасоии шадиди васоили техникӣ, нуриҳои минералӣ ва дигар масъалаҳо рӯбарӯ ҳастанд. Ва идомаи тарзи коре, ки дар замони Шӯравӣ ба роҳ монда шуда буд, ба назари онҳо, танҳо роҳи пешбурди соҳа мебошад. Ва аммо дар натиҷа, зарбаи асосӣ боз ҳам болои шогридони мактабҳову муҳассалони донишгоҳҳо меафтад, ки як не, балки то чаҳор-панҷ моҳ дар соле маҷбуранд зери офтоби сӯзон бо чидани пахта машғул шаванд.