"Маскав густариши НАТО-ро беҷавоб нахоҳад гузошт"

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз дар Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони кишвараш ҳушдор дод, ки Маскав ҳар навъ густариши паймони низомии НАТО-ро бидуни посух нахоҳад гузошт. Лавров густариши НАТО ба самти шарқро “сунъӣ” ва “комилан нолозим” хонд ва бидуни овардани кадом ҷузъиёте гуфт, Русия ба ин иқдом вокуниши “воқеъбинона” нишон хоҳад дод: “Ман шуморо итминон медиҳам, ки ин беҷавоб нахоҳад монд. Аммо вокуниши мо воқеъбинона хоҳад буд, на мисли кӯдаке дар мактаб, ки касе озораш додаасту вай ба кунҷе рафта гиря мекунад. Мо бояд рӯи тақвияти иқтидори иқтисодӣ ва таъмини қобилияти дифоъии худ бар пояи навтарин фанновариҳо тамаркуз кунем. “

Сергей Лавров Гурҷистонро ҳушдор дод, ки аз узвият дар паймони НАТО барои ҳалли низоъаш бо 2 вилояти ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ истифода накунад.