Имрӯз машъали олимпӣ сайри саросарии худро оғоз намуд. Дар қадами аввал машъал аз Пекин ба Қазоқистон мерасад. Ҳамин гуна то моҳи август машъал дар 20 кишвари дигар ҷаҳон сайр намуда, моҳи август ба Чин бармегардад. Фаъолони ҳуқуқи башар бо ишора ба қазияи истиқлоли Тибет ва мавқеи Чин дар иртибот бо бӯҳрон дар минтақаи Дорфури Судон тасмим гирифтаанд, ба сайри машъал халал расонанд. Дар гӯшаҳои мухталифи олам варзишгарон изҳороти сиёсӣ ба табъ мерасонанд. Капитани дастаи мунтахаби футболи Ҳиндустон аз дав бо машъал дар шаҳри Деҳлии Нави даст кашидааст, зеро ӯ ба таъқиби истиқлолталабони Тибет мухолиф аст.