Ду бонки бузургтарини Аврупо эълон карданд, ки аз бӯҳрони қарзи хона дар ИМА бо хасороти калон мувоҷеҳ шудаанд. Бузургтарин бонки Швейтсария UBS изҳор намуд, ки дар иртибот бо бӯҳрони моликияти ғайриманқул дар ИМА 19 миллиард долларро аз даст додааст. Ин бонк тахмин мекунад, ки хасороти холисаш дар се моҳи аввали соли 2008-ум ба 12 миллиард доллар баробар хоҳад буд.
Бузургтарин бонки Олмон Deutsche Bank пешбинӣ мекунад, ки хасороташ аз бӯҳрони моликияти ғайриманқул дар ИМА ба 3,9 миллиард доллар мусовӣ хоҳад шуд. Ин бонк ҳушдор додааст, ки дар иртибот бо бӯҳрони хона дар Амрико шояд имсол барномаи мафоди мадди назарашро иҷро накунад.