Вазири хориҷаи Австралия ҳодисаи дар Интернет ҷойгир шудани филми зиддиисломии раҳбари як ҳизби тундрави ҳолландиро маҳкум кард. Вазир Стефан Смит филми "Фитна"-ро фавқулодда зишт қаламдод карда гуфт, ки мусалламан он барои тафриқаандозӣ дар миёни мазҳабҳо эҷод шудааст. Филми Гирд Вилдерс, ки узви парлумони Ҳолланд аст, дини Исломро чун як мазҳаби хушунатомезу таҳрикдиҳандаи террор талаққӣ кардааст. Ин намоишномаро раҳбарони саросари Аврупо ва ҷаҳони Ислом маҳкум карданд.