Ҳукумати Ҳолланд филми зиддиисломиро рад мекунад

Ян Петер Болкенеде-нахуствазири Ҳолланд мегуяд, ҳукумати вай тафсири исломро он гуна, ки дар филми зиддиисломии "Фитна" оварда шудааст, рад мекунад. Ин филмро муаллифи он Гирт Вилдерз-намояндаи ростгарои порламони Ҳолланд дар як сафҳаи интернетӣ ҷой додааст. Болкенеде гуфтааст, дар филм ислом бо хушунат муқоиса мешавад ва ҳукумати Ҳолланд чунин тафсирро рад мекунад. Мэррит Ҳаммер-раҳбари ҷиноҳи Ҳизби Коргари Ҳолланд дар порламон чунин мегуяд:
"Ин филм маро наметарсонад ва дигаронро ҳам нахоҳад тарсонд. Вале ин филм, ки ҳадафаш ҳам ҳамин аст, тарсовар нест".
Раҳбарони Ҳолланд аз авоқиби хушунатбори пахши ин филм низ ҳушдор додаанд.