Ҳукумати ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ мақомоти Гурҷистонро муттаҳам кардаанд, ки онҳо дар паси бамгузории рузи панҷшанбе қарор доранд. Дар ин бамгузорӣ як нафар кушта шудааст. Ирина Гаглоева-сухангуи ҳукумати Осетияи Ҷанубӣ гуфтааст, бамро дар мошини додситон кор гузоштаанд. Додситон Теймураз Худоев ҳангоми инфиҷор дар мошин набудааст. Гурҷистон ҳар гуна ширкат дар ин ҳодисаро рад кардааст. Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гуристон мехоҳанд аз ин кишвар истиқлол ба даст оранд.