Дабири кулли паймони низомии НАТО Яап ду Ҳуп Схеффер гуфт, умедвор аст, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти ҳафтаи ояндаи сарони НАТО дар Бухарест алайҳи Ғарб аз ибораҳои, ба гуфтаи ӯ, “ғайримуфид” кор нахоҳад бурд.
Схеффер ба рӯзномаи бритониёии “Файнешнэл Таймз” гуфт, ӯ мунтазири табодули ошкорои назарҳо байни Путин ва раҳбарони НАТО дар иҷлоси Шӯрои муштараки Русия ва НАТО аст, ки дар ҳошияи нишасти Бухарест доир мешавад. Аммо ӯ афзуд, ки умедвори як баҳси созанда мебошад.
Мухолифати Русия ба пешниҳоди барномаи узвият ба Украинаву Гурҷистон аз сӯи НАТО дар арафаи ин нишаст равобити Маскав бо ин паймони низомиро танишолуда кардааст.
Кишварҳои узви НАТО низ дар масъалаи пазироии Киеву Тифлис ба ин барнома як назари воҳид надоштаанд.