Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири нави Покистон ҷонибдори истифодаи васоили сиёсӣ дар мубориза бо терроризм ва ифтротгароист. Ин нуктаро ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида баён кард. Гелонӣ ҳамчунин афзуд, ки Покистон мехоҳад равобити наздик бо Амрикоро ҳифз кунад. Имрӯз сарвазири нави Покистон дар Исломобод Ҷон Негропонте, муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаро ба ҳузур мепазирад.
Юсуф Ризо Гелонӣ, намояндаи Ҳизби мардумии Покистон аст, ки сарварии онро солҳои тулонӣ Беназир Бҳутто, сарвазири собиқи кишвар бар ӯҳда дошт. Хонум Бҳутто моҳи декабри соли гузашта бар асари як суиқасд ба ҳалокат расид. Ҳизби Мардумии Покистон дар интихоботи ахири порлумонӣ пирӯз шуд ва ҳамроҳ бо ҳизби дигар сарвазири пешини Покистон Навоз Шариф эътилофи ҳукмронро таъсис кард.