Даргириҳои Басра 12 кушта барҷой гузошт

Нирӯҳои амниятии Ироқ дирӯз дар Басра бо шибҳанизомиёни шиъа вориди задухӯрдҳои сангин шуданд.

Дар ин даргириҳо шибҳанизомиёни содиқ ба Муқтадо Садр, як раҳбари тундрави шиъаҳои ироқӣ, низ ширкат доштаанд ва бино ба хабарҳо, дар асари рӯёрӯиҳои дирӯза дар Басра дасти кам 12 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Нирӯҳои Бритониё, ки назорат бар вазъи Басраро дар моҳи декабр ба нирӯҳои амниятии Ироқ вогузор карда буданд, дар амалиёти дирӯза дахолат накардаанд.

Муқтадо Садр таҳдид кардааст, ки дар сурати идомаи амалиёт алайҳи шибҳанизомиёни ӯ пайравони худро ба роҳандозии як маъракаи муқовимати фарогир даъват хоҳад кард.