КГБ аз кашфи як шабакаи ҷосусӣ хабар дод

Хадамоти амниятии Беларус, ки то кунун исми КГБ-ро ҳифз кардааст, дирӯз тавассути телевизиони давлатӣ дар бораи дар ин кишвар кашф шудани як занҷири ҷосусие, ки ба бовари мақомот, ба фоидаи Амрико ҷосусӣ мекард, хабар доданд. Дар баёнияи КГБ омадааст, фаъолияти ин шабака, ки то 10 шаҳрванди Беларусро фаро мегирифт, хунсо шудааст.

Ахиран танишҳо байни Амрико ва Беларус афзоиш ёфтаанд. Эъмоли таҳримот алайҳи ширкати “Белнефтехим” хашми Минскро барангехт. Минск сафирашро аз Вошингтон фаро хонда, аз сафири Амрико хост, низ қаламрави Беларусро тарк бигӯяд. Рӯзи душанбе сафорати Амрико хабар дод, ки тибқи тақозои вазорати хориҷаи Беларус шумори кормандонаш дар Беларусро то 2 маротиба коҳиш медиҳад.