12 қурбонии даргирие дар Басра

Имрӯз дар Басра, ҷануби Ироқ, даргирии шадиде миёни нирӯҳои амниятӣ ва ҷангиёни шиамазҳаб, аз ҷумла мусаллаҳони вафодор ба Муқтадо Садр сар зад. Мақомот гуфтанд, ки дар ин рӯёрӯиҳо 12 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Сухангӯи нирӯҳои бритониёӣ гуфт, ки нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ шахсан аз рафти ин амалиёт назорат мекунад. Нирӯҳои бритониёӣ, ки ҳанӯз моҳи декабр назорат бар Басраро дар ихтиёри артиши миллии Ироқ вогузор карда буданд, дар ин амалиёт ширкат намекунанд. Муқтадо Садр имрӯз таҳдид кард, ки дар сурати идомаи таъқиби ҷангиёни ӯ аз ҷониби артиши кишвар, вай ҷонибдорони худро барои бенизомиҳои сартосарӣ сафарбар хоҳад кард.