Дирӯз дар кӯҳи Олимпи Юнон, маҳалли баргузории нахустин бозиҳои олимпӣ, ки ҳанӯз дар аҳди то милод дар Юнони қадим мегузашт, машъали олимпӣ фурӯзон карда шуд. Ин машъал зарфи 5 моҳи оянда қаламрави 20 кишварро убур карда, дар авоили моҳи август ба Пекин, пойтахти Чин ва макони баргузориии Бозиҳои имсолаи тобистонаи Олимпӣ хоҳад расид. Маросими ифтитоҳи ин бозиҳо ба рӯзи 8 август муқаррар шудааст. Аммо маросими фурӯзон кардани машъали олимпӣ дар кӯҳи Олимпро тазоҳуроти гурӯҳе аз тарафдорони Тибет ҳамроҳӣ мекард. Ин эътирозгарон ба таҳрими бозиҳои олимпии Пекин даъват мекарданд.