Як ёвари олирутбаи раиси ҷумҳури Фаластиниён Маҳмуд Аббос гуфт, созишномаи оштӣ миёни гурӯҳҳои рақиби Фатҳ ва Ҳамос натиҷаи нофаҳмӣ будааст. Музокиракунандаи аршади Фаластиниён Аҳмад Қуреа гуфт, фиристодаи Маҳмуд Аббос рӯзи якшанбе дар натиҷаи сӯйитафоҳум созиши оштиро имзо кардааст.
Дик Чейнӣ - муовини раиси ҷумҳури Амрико имрӯз дар шаҳри Байтулмуқаддас гуфт, бовар надорад, ки Маҳмуд Аббос бо созмони Ҳамос оштӣ мекунад, магар ин ки раҳбарони Ҳамос контроли Навори Ғаззаро ба ихтиёри ҳукумат бидиҳад. Пас аз ҷанҷоли созмонҳои Ҳамос ва Фатҳ барои қудрат дар моҳи июн созмони Ҳамос Навори Ғазза ва Фатҳ Канораи Ғарби Рӯди Урдунро таҳти контроли худ гирифтанд.