Дидори раиси ҷумҳурони тозаинтихоб

Раиси ҷумҳурони тозаинтихоби Русия ва Арманистон имрӯз дар нахустин мулоқоти худ дар шаҳри Маскав аҳд доданд, ки равобити зичеро миёни ду кишвар ба роҳ мемонанд. Дмитрий Медведев рӯзи 7 май ҳамчун раиси ҷумҳури Русия ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад ва Серж Саркиссиён рӯзи 9 апрел ҳамчун раиси ҷумҳури Арманистон қасам ёд хоҳад кард. Қарор аст, Серж Саркиссиён ҳамчунин бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дидору гуфтӯгу кунад. Арманистон, ки як пойгоҳи низомии Русияро мизбонӣ карда ва ҳамчунин аз он кишвар бо нархи арзон гази табиӣ мехарад, аз мутаффақиони вафодори Русия маҳсуб мешавад.