Авҷи ҳамалоти пурқурбонӣ дар Ироқ

Авҷи фазояндаи ҳамлаҳо дар Ироқ мунҷар ба ҳалокати наздики 50 нафар шуд. Минтақаи сабзи Бағдод, маҳалли истиқрори идороти давлативу дипломатӣ, ки таҳти ҳимояти шадиди нирӯҳои Амрико қарор дорад, низ ҳадафи як силсила ҳамалоти мушакӣ ва хумпораӣ қарор гирифт. Ҳамлаи интиҳорӣ бо истифода аз мошини бамбгузоришуда ба як посгоҳи артиш дар Мувсил 13 сарбози ироқиро кушта ва 42 тани дигарро захмӣ барҷой гузошт.

Дирӯз дар як бозори Бағдод як нафари мусаллаҳ алайҳи издиҳом оташ кушод. Дар асари ин ҳамла дар 7 нафар кушта шудаанд. 5 тани дигар дар асари ҳамла тавассути мушаки Катюша дар як минтақаи умдатан шиъанишини пойтахти Ироқ ба ҳалокат расидаанд.