Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак дар Байтулмуқаддас дар пайи мулоқоташ бо ноиби раисиҷумҳури Амрико Дик Чейни гуфт, тамоми роҳҳои ҳалли масъалаи барномаҳои ҳастаии Эрон бояд дар дастури кор боқӣ бимонанд.
Эҳуд Барак гуфт, Исроил мӯътақид аст, ки ҳанӯз фурсат ҳаст, ки тавассути таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эрон аз даст ёфтани он кишвар ба силоҳҳои ҳастаӣ ҷилавгирӣ шавад. Аммо вай афзуд, ки набояд ҳеҷ яке аз роҳҳои ҳалли ин масъаларо аз дастури кор хориҷ кард.
Ба бовари Ғарб, Эрон талош дорад бамби ҳастаӣ бисозад. Эрон инро радд мекунад. Гузоришҳои истихборотии Амрико мегӯянд, Эрон пешбурди барномаҳои сохтани силоҳҳои ҳастаияшро соли 2003 бас кардааст.