Муовини раиси ҷумҳури Амрико Дик Чейнӣ ва Ҳомиди Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон аз Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ хостанд, то талошҳояш барои таъмини амният ва эҳёи Афғонистонро тавсиа диҳад. Ҳангоми суханронӣ дар як нишасти хабарии муштарак дар шаҳри Кобул Дик Чейнӣ гуфт, Амрико ба аҳдҳои додааш дар Афғонистон содиқ аст. Вале гуфт Дик Чейнӣ, ҳукумати Амрико мехоҳад, то дигар аз 26 аъзои кишвари узви НАТО дар Афғонистон нақши бештаре ифо кунанд. Дик Чейнӣ, ки дар Ховари Миёна сафари даҳрӯзае анҷом медиҳад, имрӯз бо як сафари аз пеш эъломнашуда вориди шаҳри Кобул шуд.