Талаби Дума аз ҳукумати Русия

Палатаи поёнии порлумони Русия рӯзи ҷумъа санадеро қабул хоҳад кард, ки дар он аз ҳукумати Русия хоста шудааст, дар сурати пайвастани Гурҷистон ба НАТО манотиқи ҷудоихоҳи он кишварро ба расмият бишиносад. Ҳарчанд ин қатънома амри иҷроро надорад, вале зоҳиран нигарониҳои Ғарбро афзоиш медиҳад, ки Русия ба самти эътирофи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ ҳаракат дорад. Ин ду минтақа, ки майл ба сӯи Русия доранд, пас аз хатми ҷангҳои кӯтоҳашон бо Гурҷистон дар солҳои навадум то кунун даъвои истиқлолхоҳӣ мекунан, вале то кунун ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият намешиносад. Дар қатъномаи порлумони Русия ҳамчунин аз ҳукумат хоста шудааст, ки дар Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ намояндагӣ боз кунад.