Бино бар хабари ситорашиносони рус, соати 9-у 18 дақиқаи субҳи 20-уми марти соли 2008 шабу рӯз дар Маскав, пойтахти Русия, баробар шуд.
Дар ҳамин ҳол, тоҷикони муқими ин шаҳр имрӯз иди миллии худ Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ин ҷашнгирӣ соати 15 ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуда, то соати 20 идома мекунад, ки барномаи он чун солҳои қаблӣ рангорангу диданӣ мебошад.