"Амрико ба гуфтугӯ бо Беларус омода ҳаст, агар..."

Сафири Амрико дар Беларус Карен Стюарт, ки таҳти фишори мақомоти Беларус маҷбур ба тарки Минск шуд, гуфтааст, дар сурати раҳоии намояндаи мухолифини Беларус Александр Козулин аз зиндон, Амрико омода ҳаст, музокироташ бо Беларусро ба манзури беҳбуди равобит аз сар бигирад.

Хонум Стюарт гуфт, дар сурати раҳоии Козулин, Амрико омода ҳаст, масъалаи сабуктар кардани таҳримоти ҷорикардааш алайҳи Беларусро баррасӣ кунад. Вай бидуни овардани ҷузъиёт афзуд, барнома дорад, ба Минск баргардад.

Александр Козулин дар пайи бохтани интихоботи раёсатҷумҳурии 2 соли пеш ба Александр Лукашенко, дар ташкили тазоҳуроти зиддидавлатӣ муттаҳам ва ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд.