Қарор аст, имрӯз дар Маркази таҳқиқоти стротежӣ дар Душанбе мулоқоти навбатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли зиёи кишвар сурат бигирад. Барои ширкат дар ин дидори анъанавӣ, ходимони илму маориф, фарҳангу ҳунар ва раҳбарони иддае аз расонаҳои хабарӣ даъват шудаанд.
Дар ин мулоқот, қарор аст, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастовардҳои як соли рушди илму фарҳанг дар кишвар сухан ронда, бо ҳозирин гуфтугӯ кунад.
Аммо ба фарқ аз мулоқоти соли гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар, имсол ба дунболи вохӯрӣ маъракаи дастурхонкушоӣ сурат намегирад. Дар мулоқоти соли гузашта раиси ҷумҳур бо зиёиён хотирмонтарин нукта шояд ин буд, ки президент пасвандҳои русӣ дар насабашро партофту худро Эмомалӣ Раҳмон унвон кард. Қаблан аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ном мебурданд.