Хисороти сарморо 850 миллион $ ҳисоб кардаанд

Хисороти расида ба иқтисоди Тоҷикистон дар пайи сармоҳои шадиди зимистони ахир ва бӯҳрони энержӣ 850 миллион доллар ҳисоб шудааст. Раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон Ҳайбулло Латифов дирӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Маскав бо эъломи ин рақам гуфт, дар ҳоли ҳозир бо мусоадат ва кӯмакҳои ҷомеаи байналмилалӣ вазъ дар Тоҷикистон ба эътидол меояд ва маҳдудиятҳо дар интиқоли барқ ба аҳолӣ дар пайи сармоҳои қаҳратун низ лағв хоҳад шуд.

Раиси кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ афзуд, ҳукумати Тоҷикистон бо таъсиси як кумиссиюни вижа ба таҳқиқи омилҳои заъфпазирии иқтисоди кишвар дар баробари сармоҳо пардохта ва тадобири лозим хоҳад андешид.

Аммо Латифов аз шумори қурбониёни зимистони қаҳратун ва бӯҳрони шадиди энержӣ дар Тоҷикистон ҳарфе нагуфт.