Далай Лама хостори кӯмаки байналмилалӣ шуд

Раҳбари рӯҳонии Тибет Далай Лама, ки дар ҳиҷрат ба сар мебарад, дар пайи ошӯбҳои пурқурбонӣ дар пойтахти Тибет, шаҳри Лҳаса, хостори кӯмаки байналмилалӣ шудааст.

Далай Лама мақомоти Чинро дар иттихози “ҳукумати террор” айбдор карда гуфт, Тибет ба як “наслкушии фарҳангӣ” рӯбарӯст.

Раҳбари рӯҳонии Тибет ҳамчунин хостори таҳқиқи байналмилалии рӯйдодҳои ахир дар Лҳаса шуд.

Ҳукумати дар ҳиҷрат қарордоштаи Тибет мегӯяд, дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи ҷумъа дар Лҳасса, ки алайҳи ҳукумати Чин бар ин қаламрав барпо шуд, дасти кам 80 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба хабарҳо, дирӯз дар вилояти бо Тибет ҳамҷавори Сичуан низ ошӯбҳои нав рух додаанд.