Вазирони хориҷа ва дифоъи Амрико Кондолиза Райс ва Роберт Гейтс имрӯз сафари дурӯзаи худ ба Русияро шурӯъ мекунанд. Масоили дифоъи мушакӣ, манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва мубориза бо терроризм аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар ҷараёни дидор ва мулоқотҳои ин ду мақоми баландпояи амрикоӣ бо ҳамтоёни русашон ном бурда мешавад.
Ҳарчанд Вошингтон ҷилавгирӣ аз таҳдид аз сӯи кишварҳои ба мисли Эронр, ҳадафи аслии барномаи истиқрори сипарҳои зиддимушакиаш дар Чехияву Лаҳистон меномад, вале Маскав ин барномаро таҳдид ба амнияти худ дониста, мухолифи он аст.
Мулоқоти Райс ва Гейтс ҳам бо раисиҷумҳури кунунии Русия Владимир Путин ва ҳам бо Дмитрий Медведев, ки Путинро дар ин симат дар моҳи май иваз мекунад, дар назар будааст.