Имрӯз курдҳои ироқӣ маросими ёдбуди қурбониҳои ҳамлаи газӣ ба деҳаи Ҳалабҷаро барпо намуданд. Соли 1988 ҳавопаймоҳои нерӯҳои мусаллаҳи зери раҳбарии Саддом Ҳусейн бо истифода аз силоҳи химиявӣ болои Ҳалабҷа ҳамла карда, наздик ба 5000 нафарро ба қатл расондаанд. Ҳазорҳо сокини боқимондаи Ҳалабҷа ба бемориҳои вазнин гирифтор шуданд. Ҳаттоимрӯздаринминтақа мизони фавти мардум аз ҷойҳои дигар бештар аст.
Додгоҳи ҳукумати нави Ироқ масъули ин ҳамла Алӣ Ҳасан Ал-Маҷидро ба эъдом маҳкум кард, вале замони иҷрои ҳукм эълон нашудааст.