Русия ва Чин аз гузориши Вазорати умури берунаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон интиқод карданд. Маскав онро бозтоби дугонагии меъёрҳои сиёсати хориҷии Вошингтон номид ва иттиҳомоти алайҳи ҳукумати Русияро рад кард. Чин ишғоли Ироқ аз тарафи Амрикоро "бузургтарин фалокати башарӣ" дар ҷаҳони муъосир унвон кард. Намояндаи аршади ҳукумати Буш бо пешбинӣ аз чунин танқидҳо дар рӯзи муаррифии гузориш гуфта буд, кишвараш ба ҳалли мушкилот мавҷудаи худ дар робита ба ҳуқуқи инсон талош мекунад.