Фиристодаи нави Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон аз ҳукумати Кобул хост, дар умури эътидоли авзоъ масъулияти бештаре бар дӯш бигирад. Дипломати норвегӣ Кай Эйде ба Шӯрои Амнияти СММ дар Ню Йорк гуфт, фаъолияти байнулмилалии осоишта ва низомӣ низ бояд ба пуштибонии қавитар аз ҳукумати президент Ҳомид Карзай нигаронида шавад. Ноиби Дабири кулли СММ дар умури посдории сулҳ Жан-Марӣ Гуйҳенно ба аъзои Шӯрои амният гуфт, Созмони Милал масъулияти ҳамоҳангии нокофии фаъолиятҳо дар Афғонистонро бар дӯш мегирад.