Федератсиюни байналмилалии футбол – FIFA раддабандии нави дастаҳои миллиро нашр кард.
Дар ин раддабандӣ тими Аргентина дар мақоми аввал, Бразил – дувум ва Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷойи севум қарор дошта, дар байни 10 тими беҳтарини ҷаҳон инчунин Испониё, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Фаронса, Португол, Ҳуланд ва Юнон ҷойгир шудаанд.
Тоҷикистон дар ин феҳрист боз як зина поинтар – ба радифи 143-юм – рафт ва алҳол дар ин феҳрист байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон, ки 70-ум, Қазоқистон, ки 105-ум, Қирғизистон ки 127-ум ва Туркманистон, ки 136-уманд, ҷой гирифтааст. Зимнан, миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди шӯравӣ низ Тоҷикистон дар зинаи охирин қарор дорад.