Хотамӣ тасмими Шӯрои нигаҳбонро танқид кард

Муҳаммад Хотамӣ, раисиҷумҳури собиқи Эрон аз сӯи муҳофизакорон аз интихоботи порлумонӣ канор андохтани ислоҳотталабонро шадидан танқид кард. Бегаҳи сешанбе ӯ дар ҷамъи ҷонибдоронаш дар Теҳрон гуфт, ки эрониҳо ҳақ доранд барои тағйири ин тасмими Шӯрои нигаҳбон талош кунанд. Шӯрои нигаҳбон, як ниҳоди назорати Қонуни асосӣ, аз сабти номи 1700 номзад барои ширкат дар интихоботи рӯзи ҷумъаи 14 март ҷилавгирӣ кардааст.