Раиси бахши ҳуқуқи башари Шӯрои Аврупо фардо ба Арманистон ба хотири роҳандозии тадбирҳои муассири ҳимоят аз бахшҳои бунёдии ҳуқуқи инсон сафар хоҳад кард. Дар ҷараёни сафари серӯзаи Томас Ҳаммерберг мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳурӣ Роберт Кочарян, нахуствазир Серж Саркисян ва раҳбари мухолифин Левон Тер-Петросян дар назар гирифта шудааст. Дар пайи даргириҳои миёни полис ва ширкатдорони намоишҳои эътирозии Арманистон, ки аз натиҷаҳои интихобот норозӣ буданд, ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Раиси ҷумҳурӣ баъдан дар таърихи 1 март ба мӯҳлати 20 рӯз дар кишвар вазъияти изтирориро ҷорӣ шуд. Мухолифин иддао доранд, ки барои таъмини пирӯзии Саркисян дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ тақаллубкориҳо роҳ дода шуд.