Вазорати умури хориҷаи Укроин тасмими Русия барои лағви маҳдудияти равобит бо Абхазистонро танқид кард. Дар изҳороти вазорат омадааст, ки ин тасмим “ба ҳалли низоъи миёни Гурҷистону Абхазистон мусоидат нахоҳад кард ва сабаби эҷоди таҳдидҳои нав хоҳад шуд”.
Соли 1996, баъди жарф шудани ихтилоф миёни Гурҷистон ва Абхазистон кишварҳои узви Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ тасмим гирифта буданд, ки равобит бо Абхазистонро маҳдуд кунанд. Ва аммо ду рӯз пеш Русия эълом дошт, ки маҳдудияти равобити иқтисодиву тиҷоратӣ, молӣ ва нақлиётӣ бо Абхазистонро якҷониба лағв мекунад.
Дирӯз Тифлис аз ин тасмими Маскав изҳори нигаронии амиқ карда буд. Мақомоти Гурҷистон, ба вижа, аз он нигаронанд, ки Русия метавонад фурӯши силоҳ ва техникаи низомӣ ба Абхазистонро аз сар бигирад.