Тақозои Абхозистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ

Порлумони Абхозистон имрӯз аз ҷомеаи байналмилал тақозо кард, то ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба расмият бишиносад. Вакилони мардумии Абхозистон санадеро қабул карданд, ки дар он аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хоста шудааст, бо ин минтақа равобити дипломатӣ ба роҳ монанд. Пештар аз ин ва дар ҳамин ҳафта минтақаи дигари ҷудоихоҳи Гурҷистон Осетияи Ҷанубӣ низ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки онро ба расмият бишиносад.