Ба гуфтаи сафирони Амрико ва Исроил, Шӯрои Амният ба далели мухолифати Либия натавонистааст ҳамлаи Байтулмуқаддасро маҳкум кунад.
Сафири Амрико Залмай Халилзод гуфт, талоши Амрико ҷиҳати тасвиби як қатъномае, ки “бо лаҳни шадид” ин ҳамларо маҳкум мекард ба мухолифати Либия рӯбарӯ шудааст, ки мехост тасвиби ин қатъномаро бо тарҳи пешниҳодиаш ҷиҳати маҳкум кардани амалиёти пурқурбонии артиши Исроил дар навори Ғаза иртибот диҳад.