Инфиҷори тақрибан ҳамзамони ду бамби рӯироҳ дар Бағдод беш аз 50 нафарро кушта бар ҷой гузошт.
Як мақоми амниятии Ироқ гуфт, 120 тани дигар дар иин таркишҳо ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомоти низомии Амрико мегӯянд, ҳанӯз шумори дақиқи қурбониҳои ин ду инфиҷор маълум нест.
Мизони хушунат дар Ироқ тайи моҳҳои ахир каме фурӯ нишаста буд, вале мақомоти Ироқу Амрико мегуфтанд, таҳдид аз сӯи шабакаи Ал-Қоида, ки масъули бахши аъзами чунин бамбгузориҳои пурқурбонӣ шинохта мешавад, рафъ нашудааст.