Вазири хориҷаи Шветсия Карл Билдт дар робита ба ҷилавгирии мақомоти Эрон аз сафари фаъоли ҳуқуқи башар Парвин Ардалон ба Шветсия изҳори таассуфи амиқ кард.
Парвин Ардалон мебоист дар расми тақдими ҷоизаи Улоф Палме, ки имсол барандааш шуда буд, ширкат мекард. Ардалон ба хотири муборизааш алайҳи табъизи ҳуқуқи зан дар Эрон ба ин ҷоизаи 75 000-долларӣ сарфароз гашта буд.
Аммо мақомоти Эрон дар ин ҳафта монеъи сафари ӯ ба Шветсия шуданд. Карл Билдт мамониат ба сафари Парвин Ардалонро як намунаи дигари то кадом андоза бад шудани эҳтиром ба ҳуқуқи инсон дар Эрон номид. Дар ғайби Парвин ҷоизаи Улоф Палме ба хоҳари ӯ Ширин Ардалон супурда шуд.