Ҳукумати Сербистон қатъномаи пешниҳодии парлумони кишварро рад кард, ки гуфтааст, бо сабаби эълони истиқлолияти Косово музокироти миёни Белграду Иттиҳодияи Аврупоро барои узвияти Сербистон дар ҳайати ин ниҳод масдуд хоҳад кард. Тарҳи ин қатъномаро ҳизби Радикали миллатгаро пешниҳод карда он аз ҷониби нахуствазир Войислав Каштунитса пуштибонӣ шудааст, дар ҳоле, ки 15 вазир ин тарҳро рад карда, танҳо 7 узви ҳукумат аз он тарафдорӣ кардаанд. Қатъномаи мазкур бояд дубора дар парлумоне, ки аксарияташро миллатгароҳо ташкил медиҳанд, баррасӣ шавад.