Низомиёни амрикойӣ имрӯз гуфтанд, ки дар пайи як рейди муштараки нирӯҳои ироқиву амрикойӣ дар шимоли Ироқ нӯҳ ҷангии Ал-Қоида кушта ва ҳашт тани дигар дастгир шуданд. Дар ин амалиёт се сарбози ироқӣ кушта шуданд. Низомиён гуфтанд, гурӯҳи вижаи иборат аз нирӯҳои амрикоиву ироқӣ рӯзи 2 март макони террористонро ҳадаф қарор медод, ки масъули куштор ва таркишҳои минтақаи Талафар дар вилояти Найнавои Ироқ мебошанд. Дар маҳалли амалиёт инчунин пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор ва забт шудааст.