Эътилофи ҳашт созмони мудофеи ҳуқуқи башар, воқеъ дар Бритониё, бо нашри гузорише гуфтааст, ки навори Ғазза бо шадидтарин бӯҳрони башарӣ аз замони дар соли 1967 ғасб шудани ин қаламрав аз ҷониби Исроил рӯбарӯ шудааст. Гузориши 16-саҳифагӣ, ки бо сарпарастии Афви байнулмилал ё Амнести Интернешинал чоп шудааст, ба қалами созмонҳои мисли CARE International UK ва Oxfam тааллуқ дорад. Ин матлаб ҳокӣ аз он аст, ки беш аз 80 дар сад ва ё 1,1 миллион аҳолии Ғазза аз кӯмаки ғизойӣ шадидан вобаста ҳастанд. Вазири мудофеаи Исроил, ки ин гузоришро рад кард, ангушти иттиҳомро сӯи ҷангиёни Ҳамос баланд кард ва гуфт, ки онҳо дар мушкилоти Ғазза масъулият доранд.