Кочариён ба мавзеъи худ истодагарӣ мекунад

Раисиҷумҳури Арманистон Роберт Кочариён тақозоҳои байналмилалӣ ҷиҳати лағви вазъи фавқулодда дар пойтахти кишвар, шаҳри Ереванро радд кард. Вай ҳамчунин гуфт, ҳатто баъди бардошта шудани вазъи фавқулодда, ки аз охири ҳафтаи гузашта ва барои 20 рӯз ҷорӣ шудааст, ба мухолифин имкон нахоҳанд дод, даст ба тазоҳуроти густарда бизананд.

Шаби шанбе вазъ дар Ереван дар пайи 11 рӯзи тазоҳуроти давомдори мухолифин алайҳи натоиҷи интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ ба хушунат печид ва дар натиҷа 8 нафар кушта шуданд.

Мухолифин пирӯзии сарвазир Серж Саркисиёнро эътироф накарданд ва мегӯянд, натоиҷи интихобот ба хотири таъмини пирӯзии номзади ҳизби ҳоким хилофкорӣ шудааст.