Мусалмонҳо ба Ватикан мераванд

Рӯзи дуввум аст, ки рӯҳониёни воломақоми мусалмон ва Ватикан дар Рум мехоҳанд роҳро барои гуфтугӯи густардаи миёни ин ду адён ҳамвор кунанд.

Гуфта мешавад, Попи Рум Бенедикти 16 аз афродест, ки фақат рамзӣ баргузор шудани чунин нишастҳоро хуш надорад ва аз ин рӯ, музокироти Рум як нишасти муқаддамотист ба хотири шурӯъи гуфтугӯи густарда ва пажуҳиши жарфтари мушкилоти умдаи адён, аз ҷумла, истифодаи мазҳаб дар низоъву хушунат. Қарор аст, нахустин форуми Католикҳову Ислом аввалҳои моҳи ноябр дар Рум баргузор шавад. Музокироти муқаддамотии феълӣ - посух ба даъвати раҳбарони исломӣ барои музокирот бо Ватикан баъд аз як суханронии баҳсбарангези Бенедикти 16 дар ду соли пеш аст. Он вақт Попи Рум дар шаҳри Регенсбурги Олмон дини Исломро бо хушунат рабт дод ва ин боиси қаҳру ғазаби мусалмонҳо дар кишварҳои гуногуни олам шуд. Баъдан, Ватикан изҳор дошт, ки суханҳои Бенедикти 16 нодуруст ташреҳ шудаанд ва зимни сафар ба Туркия дар яке аз масоҷиди маъруфи Стамбул ҳамроҳ бо имом намоз гузошт. Як сол баъд шоҳзодаи Урдун Ғозӣ ибни Муҳаммад ибни Талол ҳамроҳ бо 138 донишманди илми фиқҳ аз 43 кишвари олам унвонии Попи Рум як номаи саргушода ирсол карданд ва изҳор намуданд, ки сарнавишти сулҳи оромӣ дар сайёра ба гуфтугӯи миёни ин ду мазҳаб марбут аст.

Кишоре Ҷаяабалон, яке аз мансабдори собиқи Ватикан ва раҳбари феълии бахшии румии пажуҳишгоҳи сиёсии Актони Амрико мегӯяд, ҳайъатҳои вориди музокирот дар Рум дар бораи сари кадом мавзӯъ тамаркуз кардан назари гуногун доранд. Ӯ меафзояд, дар ҳоле, ки намояндагони Ислом хостори баррасии масоили дину диёнатанд, Ватикан мехоҳад бештар сари мушкилоти иҷтимоиву сиёсии марбут ба мазҳаб тамаркуз кунад.

«Раҳбарони мусалмонӣ, тавре ба назар мерасад, мехоҳанд дар бораи дину диёнат, дар бораи Худованд, руҷӯъ ба Худованд ва асосан масоили берун аз сиёсат сӯҳбат кунанд. Ватикан бошад хостори баррасии масоили иҷтимоиву сиёсӣ дар пояи озодии мазҳабӣ, истифодаи мазҳаб дар хушунат, ҷиҳод, терроризм, мақоми аққалиятҳои насронӣ ва дигар адён дар кишварҳои исломист – ман фикр мекунам, ки мушкилотро Вотикон муҳим медонад ва онҳо ҳанӯз боқӣ мондаанд.»

Ҳанӯз рушан нест, ки ҳайатҳо дар мавриди рӯзномаи нишаст ба чӣ натиҷа мерасанд, зеро шояд баъзе аз фиристодагони олами Ислом аз баррасии мушкилоти марбут ба терроризм ва хушунати мазҳабӣ худдорӣ кунанд.

Музокироти Рум дар ҳоле идома дорад, ки дар кишварҳои мусалмонӣ мавҷи нави эътироз алайҳи ҳамла ба Ислом дар Аврупо баланд мешавад. Гирт Вилдерс, таҳиягари синамо ва як узви порлумони Ҳуланд ахиран филмеро алайҳи китоби муқаддаси Қуръон навор бардошт ва тавассути он мехоҳад собит кунад, ки ин Китоби муқаддас одамонро барои куштору террор таҳрик медиҳад. Вилдерс, як тан аз мухолифони ислом ва раҳбари ҳизби Озодӣ қаблан ба мамнӯъ эълон шудани Қуръони Маҷид даъват карда буд. Филми нави ӯ дар бораи Қуръони Маҷидро аллакай чанд кишвар, аз ҷумла, Эрону Покистон маҳкум ва пахши онро манъ кардаанд.

Аз пахши филми Вилдерс ахиран Дабири кулли НАТО Яаан Де Ҳуп Сҳеффер ҳам изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки он метавонад барои неруҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон, аз ҷумла, низомиёни ҳуландӣ паёмадҳои фоҷиабор дошта бошад. Изҳороти Схеффер баъд аз эътирози густардаи сокинони Афғонистон алайҳи ин филм садо дод. Садҳо афғон ба нишони эътироз парчамҳои Ҳуландро ба коми оташ афканданд, қаъти равобити дипломатӣ бо ин кишварро талаб карданд ва хостори хуруҷи неруҳои ҳуландӣ аз кишвар шуданд. Ҳукумати Ҳуланд ҳам ба Вилдерс ҳушдор дод, ки филми ӯ метавонад ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар зарба занад. Худи Вилдерс мегӯяд, ки филми ӯ дар чаҳорчӯби озодии баён навор бардошта шудааст.

Чаҳор сол пеш дигар таҳиягари ҳуландӣ Тео Ван Гог барои навори филми зиддиисломӣ аз сӯи исломгароҳо ба қатл расид. Ба хотири такрор нашудани ин ҳодиса пулиси Ҳуланд Вилдерсро таҳти ҳимоят гирифтааст.