Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Динҳо дар Амрико оё озоданд?


Даҳ тан аз ходимони мазҳабии Тоҷикистон тибқи барномаи "Равобити дин ва ҷамоаҳо" ба Иёлоти Муттаҳида сафар карданд. Ба ин ҳайат як хабарнигор ва як намояндаи дини масеҳӣ низ шомиланд. Ин барномаи бесобиқаро Оҷонсии Рушди Байнулмилалии Амрико (USAID) ташкил додааст. Бадриддин Каримов, имом - хатиби масҷиди ҷомеи маҳаллаи Пахтакори шаҳри Душанбе дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Вашингтон ба радиои Озодӣ роҷеъ ба ҳадафҳои ин сафар гуфт:

Мақсади мо аз ин сафар - дар ҳақиқат андӯхтани таҷриба аст, таҷрибаи демократия ва шинохтани мафҳумҳои "дин" ва "демократия", ҳамчунин бо фаъолияти адёни гуногун ин дар кишвар, ки даъвои демократия мекунад, ошно мешавем. Ва омӯхтани таҷрибаи кишвар барои боз ҳам беҳтар шудани робитаи миёни адён ва ҷилавгирӣ аз бархурди адён дар ҷомеъаи мо мусоидат мекунад.

Амирмуҳаммад Шаҳобзода, як дигари узви ин ҳайат мегӯяд, қарор аст онҳо аз шаҳрҳои гуногуни Амрико дидан ва бо гуруҳҳову созмонҳои диниву дунявӣ мулоқот кунанд:

Чанд рӯз дар Вашингтон хоҳем монд ва баъдан Кентукки сафар карда бо раҳбарони дини ислом дар ин кишвар, бо раҳбарони дигар динҳо - масеҳиву яҳудӣ мулоқот мекунем, то бо чашми худ бубинем, ки дар Амрико демократия ва озодии дин чӣ гуна аст. Рӯзи 9 октябр мо дар Вашингтон бо мудири Шӯрои робитаҳои исломии Амрико хонум Миса Хадича Усмон сӯҳбат доштем ва ба суолҳои ӯ посух додем, ки Ислом як дини илоҳӣ аст, дар ҳеҷ як китоби исломӣ ба хунрезии пурдаҳшат иҷоза дода нашудааст, терроризм миллат надорад, ҳама динҳо, чӣ ислому чӣ масеҳӣ баробаранд.

Сафари ҳайати мазҳабии Тоҷикистон то 24 - уми октябр идома мекунад. Аз ин пеш USAID бо ҳадафи ошноӣ бо вазъи сиёсӣ ва фаъолияти расонаҳои хабарии Иёлоти Муттаҳида чандин гурӯҳи сиёсатмадорону рӯзноманигорон ва сарварони созмонҳои ғайриҳукуматиро ба Амрико даъват карда буд.
XS
SM
MD
LG