Дар ҷануби Афғонистон нерӯҳои артиши Афғонистон ва эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА шуморе аз толибонро ба қатл расонданд. Ҳамчунин дар як шабакаи ғорҳо миқдори зиёди маводи тарканда кашф шудааст.
Дар изҳороти эътилоф гуфта мешавад, ки дар минтақаи Герешки вилояти Ҳилманд толибон ба сӯи гашт (патрул)-и артиши афғон ва эътилофи байналмилалӣ аз силоҳи сабук ва гулӯлаандоз оташ кушоданд. Дар ҷавоб ҳавопаймоҳои эътилоф як идда толибони силоҳбадастро ҳалок кардаанд. Дар як шабакаи ғорҳои вилояти Зобул бошад, артиши афғон ва нерӯҳои эътилоф амбори бузурги маводи таркандаро кашф намудаанд.