Баъди пирӯзӣ дар интихоботи муқаддамотии иёлоти Оҳайо, Тексас ва Род Айленд маъракаи довталаби курсии президенти ИМА аз ҳизби демократ Ҳиларӣ Родҳам Клинтон ҷон гирифт.
Ҳамин тариқ рӯзи сешанбе Клинтон барои аввалин бор дар як моҳи гузашта рақибаш Барак Обамаро мағлуб кард. Дирӯз баъди комёбии пай дар пай дар 11 аёлат Обама фақат дар аёлати Вермонт пирӯзӣ ба даст овард.
Дар сабқати ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА Ҷон Маккейн дар чор аёлати мазкур пирӯз шуд. Шумораи пирӯзиҳои Маккейн дар интихоботи муқаддамотӣ барои пешбарии ӯ ҳамчун номзади ин ҳизб дар анҷумани ҷумҳурихоҳон кифоят мекунад. Соли 2000-ум собиқадори ҷанги Ветнам: Маккейн дар анҷумани ҳизбӣ ба Ҷорҷ Буш президенти ҳозираи ИМА бохта буд.
Имрӯз президент Буш Маккейнро ба мулоқот дар Қасри Сафед даъват кардааст.