Президенти Амрико Ҷорҷ Буш Венесуэларо ба иттихози “иқдомоти барангезанда” алайҳи ҳамсоякишвараш – Колумбия айбдор кард. Ҷорҷ Буш гуфт, дар як сӯҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳури Колумбия Алваро Урибе гуфтааст, ки Вошингтон мухолифи ҳар навъ иқдоми пархошгарона дар минтақа аст.
Ҳамлаи фаромарзии нирӯҳои Колумбия ба як пойгоҳи чирикиёни гурӯҳи марксистии ФАРК, ки дар қаламрави Эквадор паноҳ мебурданд, равобити Колумбия бо Эквадор ва Венесуэларо ба таниш печонд. Венесуэла ва Эквадор дар пайи ин амалиёти низомӣ, ки чанд чирикӣ, бо шумули фармондеҳи онон Раул Рейесро кушта бар ҷой гузошт, ба марз бо Колумбия нирӯҳои иловагӣ эъзом кардаанд.