Комиссиюни Марказии Интихоботии Русия шумориши баргаҳои раӣъ дар интихоботи президентии кишварро анҷом дод. Тибқи натоиҷи муқддамотӣ, 70 дар сади интихобкунандагон аз Дмитрий Медведев пуштибонӣ кардаанд. Раҳбари коммунистҳо Геннадий Зюганов беш аз 17 дар сад ва раиси ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский тақрибан 9-у ним дар сади раӣъҳоро соҳиб шудаанд. Номзад аз ҳизби демократи Русия Андрей Богданов аз пуштибонии ҳамагӣ яку дар даҳ се дар сади афроди соҳиби ҳаққи раӣъ бархурдор шудааст.
Владимир Чуров, Раиси Комиссиюни Марказии Интихоботи Русия иттилоъ дод, ки натоиҷи расмии интихоботи раёсати ҷумҳур баъд аз чанд рӯз эълон мешавад.
Владимир Чуров, Раиси Комиссиюни Марказии Интихоботи Русия иттилоъ дод, ки натоиҷи расмии интихоботи раёсати ҷумҳур баъд аз чанд рӯз эълон мешавад.