Ба натиҷаҳои эълонкардаи Кумисюни марказии интихоботии Русия, Дмитрий Медведев дар курсии раёсатҷумҳурии ин кишвар Владимир Путинро иваз хоҳад кард. Пас аз шумориши 99, 4 дарсади баргаҳои раъй, маълум шуд, ки 70 дарсади интихобкунандагон аз Медведев пуштибонӣ кардаанд. Дар нишасти хабарӣ, имрӯз дар Маскав, Медведев гуфт, якҷо бо Путин кор хоҳад кард, ки қарор аст, сарвазири Русия шавад. Андреас Гросс, раҳбари ҳайати нозирон аз Маҷмаъи порлумонии Шӯрои Аврупо гуфт, дастрасии нобаробари номзадҳо ба матбуот адолати интихоботро зери шубҳа гузоштааст.