Ҳомии ҳуқуқи инсон Парвини Ардалон мегӯяд, мақомоти Эрон ба ӯ иҷоза намедиҳанд, барои ширкат дар расми тақдими ҷоизаи Палме ба Стокҳолм сафар кунад. Бунёди гиромидошти хотираи Улоф Палме моҳи гузашта хонуми Ардалонро барои талошҳояш дар баробарҳуқуқии зану мард дар Эрон барандаи Ҷоизаи ҳуқуқи инсон дар соли 2007 эълон кард. Ардалон бунёдгузори маъракаи як миллион имзо бо талаби ҳаққи баробари занону мардон дар Эрон аст. Расми тақдими ҷоиза ба ӯ бояд рӯзи 6-уми март барпо шавад.