Бино бар иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Русия, то ҳоло 99 фоизи раъйҳои додаи интихобкунандагон дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар шумурда шудаанд.
Феълан маълум гардид, ки ба номзади ҳизби «Русияи воҳид» («Единая Россия») Дмитрий Медведев 70,22%-и интихобкунандагон, 17,77% – ба сарвари ҲКФР (КПРФ) Геннадий Зюганов, 9,37% – ба Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерол-демукротики Русия (ЛДПР), ва 1,29% – сарвари Ҳизби демукротики Русия (ДПР) Андрей Богданов раъй додаанд.